Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз расман дархости саҳҳомони бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс дар бораи санаи 5-уми декабр дар пойтахт, назди бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баргузор намудани гирдиҳамойии эътирозиро рад намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, қарори рад шудани дархост аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт имрӯз ба соҳибмулки бозор Санавбар Абдуллоева супурда шудааст.
«Дастандаркорони гирдиҳамойӣ, ки ба мақомоти шаҳрдорӣ бо дархости иҷозаи баргузории гирдиҳамойӣ дар Душанбе муроҷиат карданд, талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо»-ро риоя накардаанд», – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 13-уми ноябр саҳҳомони бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс бо дархости баргузории гирдиҳамйоӣ дар Душанбе ба мақомоти шаҳрдории пойтахт муроҷиат карда буданд.
Соҳибмулки бозор додарарӯси президенти Тоҷикистон Муҳибулло Саъдуллоевро дар ғасби ғайриқонунии 50%-и саҳмияҳои бозори «Ином» муттаҳам мекунад.


