Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар зарфи 10 моҳи соли равон тақрибан 60% афзуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 692 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
«Истихроҷи ангишт бинобар сабаби мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар истеҳсолот, гармкунӣ ва дигар талабот ба ивази гази табиӣ ва нерӯи барқи гароннарх (масалан, барои коркарди газ дар ТАЛКО) зиёд шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.
Аммо дар муқоиса бо моҳи гузашта истихроҷи ангишт дар моҳи октябр қариб 40 ҳазор тонна кам шуд. Моҳи октябр дар ҷумҳурӣ 97 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин нишондиҳанда ба 137 ҳазор тонна баробар буд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.


