Талбаков: Пешвои коммунистони Суғд худсарона сари мансаб омад

– Мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков. Ба гуфтаи ӯ, роҳбари бахши ҲКТ дар […]

Аваз Юлдошев



– Мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбари бахши ҲКТ дар вилояти Суғд Абдуалӣ Маҳкамов муддати тӯлонӣ бемор буд ва ахири моҳи августи соли ҷорӣ ба раҳбарият ҳизб муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки бинобар сабаби вазъи солимиаш ӯро аз вазифа озод намоянд.

«Кумитаи маркзии ҲКТ он замон тасмим гирифт, ки нимаи моҳи сентябр оид ба ин масъала пленуми бахши вилоятии ҳизб даъват карда шавад, вале 11-уми сентябр як гурӯҳ шахсон пленмуро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуда, А.Аҳмедовро ба вазифаи котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизб интихоб карданд», – иброз дошт Талбаков.

Вакили парлумон мегӯяд, мутобиқи оинномаи ҲКТ, роҳбарони бахшҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб бидуни мувофиқа бо Кумитаи марказии ҲКТ интихоб шуда наметавонанд, вале дар ин маврид ин муқаррарот ба инобат гирифта нашудааст.

«Рӯзи 27-уми сентябр президиуми Кумитаи марказии ҲКТ қарори зикршудаи пленуми коммунистони Суғдро бекор карда, раҳбарии бахши вилоятии ҳизбро ба дӯши котиби баҳши ҲКТ дар шаҳри Хуҷанд Мубинҷон Маҳмудов вогузор намуд ва аз ин қарор ҳамаи аъзои ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар огоҳ карда шуданд, вале Аҳмедов ошкоро мегӯяд, ки ин қарорро иҷро карданӣ нест», – таъкид дошт котиби ҲКТ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки А.Аҳмедов давоми солҳои 2005-2010 аз ҲКТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, лекин барнома ва мавқеи ҳизбро дар парлумон ҷонибдорӣ намекард ва мувофиқи эътирофи худи ӯ, муддати 5 соли ахир ҳаққулузвияти ҳизбиро ҳам насупурда, дар ягон чорабинии ҲКТ иштирок накардааст.

«Тайи ду-се соли ахир коммунистони Суғд як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир намуданд, аз ҷумла ба барқарор ва ба ҷойи дигар кӯчонидани муҷассамаи аз ҷониби ҳукумат дар маркази шаҳри Хуҷанд тахрибшудаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин ноил гардиданд, ба ифтихори 100-солагии котиби якуми КМ ҲКТ Ҷаббор Расулов чорабинӣ гузарониданд, вале Аҳмедов дар ҳеҷ кадоме аз ин чорабиниҳо иштирок надошт», – зикр кард Талбаков.

Котиби ҲКТ изҳор намуд, ки Аҳмедов чандин маротиба гуфтааст, ки ӯро ба вазифаи роҳбарии коммунистони Суғд таъин кардаанд, вале аз ҷониби маҳз кӣ таъин шуданаш ҳарфе намегӯяд.

«Аҳмедов ва атрофиёни наздики ӯ бо супориши кадом як гурӯҳҳое миёни коммунистони Тоҷикистон ҷудоӣ андохтанианд, вале чунин талошҳо алайҳи ҲКТ ҳамеша ба нокомӣ анҷом ёфтаанд ва имрӯз комисиияи махсуси таъсисёфтаи Кумитаи марказии ҲКТ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст. Ояндаи наздик аз рӯйи ин масъала пленуми муштараки Кумитаи марказии ҲКТ ва бахши Кумитаи ҳизб дар вилояти Суғд даъват карда мешавад», – афзуд Исмоил Талбаков.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.