Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 34 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 35%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ба Агентии мазкур ҳудуди 98 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 62 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 44 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.
«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 10 моҳи соли равон беш аз 6,1 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 2,9 млн. сомонӣ (ҳудуди 580 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Ба санаи 1-уми ноябри соли 2014 дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ қариб 85 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва ҳудуди 57 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.
Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 195 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солии гузашта 6% зиёдтар аст. Соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда буд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ду баробар зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи натиҷаҳои гузориши
Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ)
таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд. Мутобиқи гузориш, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% поин меравад.


