Маскав лағви якҷонибаи таҳримҳо алайҳи Эронро пешниҳод намуд

Ҳамзамон бо охирин рӯзи музокироти гурӯҳи 5+1 дар Вена сарони кишварҳои  Эрон ва Русия бо якдигар тариқи телефон гуфтугӯ карданд. Ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин тамоси телефонӣ Владимир Путин ба Ҳасани Рӯҳонӣ итминони хотир додааст, ки Маскав иҷоза нахоҳад дод, ки музокироти ҳастаӣ то бениҳоят идома […]

ASIA-Plus



Ҳамзамон бо охирин рӯзи музокироти гурӯҳи 5+1 дар Вена сарони кишварҳои  Эрон ва Русия бо якдигар тариқи телефон гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин тамоси телефонӣ Владимир Путин ба Ҳасани Рӯҳонӣ итминони хотир додааст, ки Маскав иҷоза нахоҳад дод, ки музокироти ҳастаӣ то бениҳоят идома дошта бошад ва дар рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон таъхир сурат гирад.

Гуфта мешавад, дар ин гуфтугӯ Маскав пешниҳод кардааст, ки таҳримҳо алайҳи Эронро ба сурати тадриҷӣ ва якҷониба ҳазф ва дар ин замина Чинро бо худ ҳамроҳ кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки ин хабар дар ҳоле эълом шуд, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии Эрон ва 5+1 дар Вена ба итмом расид ва вазирони корҳои хориҷии Англия ва Русия тамдиди музокирот то поёни моҳи июни соли ояндаи мелодиро таъйид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.