Намоишгоҳи ҳунармандӣ ва Рӯзи байнулмилалии маъюбон дар Душанбе

Нашри аввали Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдошта рӯзи сешанбе, 25 ноябр, соати 11:00 дар Маркази фарҳангии Бохтар дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда мешавад. Тавре аз маркази фарҳанги «Бактрия» иттилоъ доданд, бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи байналхалқии СММ оид ба шахсони маъюбиятдошта дар якҷоягӣ бо Намоишгоҳи анъанавии зимистонаи ҳунармандӣ, ки рӯзҳои 6 ва […]

ASIA-Plus



Нашри аввали Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдошта рӯзи сешанбе, 25 ноябр, соати 11:00 дар Маркази фарҳангии Бохтар дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда мешавад.

Тавре аз маркази фарҳанги «Бактрия» иттилоъ доданд, бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи байналхалқии СММ оид ба шахсони маъюбиятдошта дар якҷоягӣ бо Намоишгоҳи анъанавии зимистонаи ҳунармандӣ, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, қайд карда мешавад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ мекунад ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюбиятдошта сафарбар мекунад. Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз ҳамгирои шахсони маъюбиятдошта дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешавад, баланд мебардорад ва идеали ҷамъияти фарогирро чун роҳи ноил шудан ба рушди устувори воқеӣ пешбарӣ мекунад.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби эътилофи ҳамфикр дастгирӣ карда мешавад, ки он аз 21 ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ иборат аст, аз он ҷумла Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттиҳодияи волидони кӯдакони маъюбиятдошта ва ташкилотҳои шахсони маъюбиятдошта, ки зери шиори “Барои рушди фарогир ва устувор муттаҳидем” муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд карда шавад: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам. Илова бар ин, он бевосита мувофиқ ба усули баробару адолатонаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва таваҷҷӯҳи ташкилоти Ҳендикеп Интернешнл ба масъалаи фарогирӣ мебошад.

Намоишгоҳи дурӯзаи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезви ва дар ҳамоҳангсозии муштарак бо Маркази фарҳангии Бохтар ташкил карда шудааст, зиёда аз 50 ҳунармандонро ҷамъ оварда, комёбиҳои охирини ҳунармандии минтақивро пешкаш менамояд. Барномаи намоишгоҳ мастер классҳои ройгон оид ба гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашӣ ва ороишдиҳӣ ва се семинарҳои гуногунро дар бар мегирад, ки махсусан барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.

Дар баробари чорабиниҳои ҳунармандон чорабиниҳои фарогир барои ҳам одамони маъюбиятдошта ва бемаъюбият, ба монанди роҳгардӣ дар подиум, сурудхонӣ, намоишгоҳи хӯрока, намоиши филмҳо, кунҷи таҷрибаи сенсорӣ, намоишгоҳи маълумот ва бисёр дигар чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.


Аъзоёни эътилофи ҳамфикр Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон, Иттиҳодияи волидони кӯдакони маъюбиятдошта, Маркази фарҳангии Бохтар, Бюрои ҳуқуҳои инсон, Каритас Олмон, Чезви, Ҳендикеп Интернешнл, Ирода, Иштирок, Ҳайати Шарқ, Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рушди инклюзивӣ, СИДА, Олимпиадаи махсус, Маъракаи Тоҷикистон оид ба манъи минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти хӯшавӣ, Барномаи дастгирии ММТММ, БРСММ, ЮНИСЕФ, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттифоқи ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ихтиёрони СММ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.