Номзадҳо ба вакилӣ аз ҲКТ гаравпулиро аз кисаи худ мепардозанд

Номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) маблағи гаравпулии интихоботӣ, ки ба ҳар кадоме аз номзадҳо 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ пардохт мекунанд. Котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби чунин тасмимгирӣ мушкилоти […]

Аваз Юлдошев



Номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) маблағи гаравпулии интихоботӣ, ки ба ҳар кадоме аз номзадҳо 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.

Котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби чунин тасмимгирӣ мушкилоти ҷиддии молӣ мебошад, ки айни замон ҲКТ ба он мувоҷеҳ аст.

«Айни замон барномаи пешазинтихоботии ҳизб қариб пурра омода гардида, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пеш аз интихоботи ҲКТ санаи 27-уми декабр дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист», – иброз дошт котиби ҲКТ.

Ӯ ҳамчуннин таъкид дошт, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, тибқи рӯйхати ҳизбии ҲКТ 10 нафар номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуда, боз 7 нафар номзадҳои аз ҷониби коммунистон пешбаришуда барои курсии вакилӣ дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ рақобат хоҳанд кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.