Соли оянда дар Афғонистон танҳо 12 ҳазор низомиёни хориҷӣ боқӣ мемонанд

Палатаи поёнии парлумони Афғонистон зимни як ҷаласаи махсус қарордоди дуҷонибаи амниятиро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасдиқ намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», парлумони Афғонистон ҳамзамон қарордоди мақоми нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро низ ҷонибдорӣ кард. Гуфта мешавад, ин ду санад бо ҷонибдории аксарияти вакилон ва раъйи мухолифи 5 узви парлумон ба тасвиб […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони Афғонистон зимни як ҷаласаи махсус қарордоди дуҷонибаи амниятиро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», парлумони Афғонистон ҳамзамон қарордоди мақоми нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро низ ҷонибдорӣ кард.

Гуфта мешавад, ин ду санад бо ҷонибдории аксарияти вакилон ва раъйи мухолифи 5 узви парлумон ба тасвиб расид. Мувофиқи қарордоди нави дуҷониба, соли оянда бояд дар Афғонистон танҳо 12 ҳазор низомии ИМА ва кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ боқӣ монад. Онҳо ба неруҳои афғон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҷангиёни «Толибон» кумак мерасонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қарордоди дуҷониба баъди он ҳукми амал мегирад, ки он аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Афғонистон тасдиқ карда шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.