Ҳукми ҳабси абад ба маҳбуси ба номуси духтари 5-сола таҷовузкарда

Суди вилояти Хатлон санаи 26-уми ноябр маҳбуси аз зиндон фироркарда Намозалӣ Сатторовро, ки мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардид, ба ҳабси абад махқум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, маҳкумшуда тибқи моддаҳои 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ), 130, қ. 3, […]

Сайраҳмон Назриев



Суди вилояти Хатлон санаи 26-уми ноябр маҳбуси аз зиндон фироркарда Намозалӣ Сатторовро, ки мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардид, ба ҳабси абад махқум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, маҳкумшуда тибқи моддаҳои 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ), 130, қ. 3, б. «б» (Одамрабоӣ бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда), 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус) ва 139, қ. 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ба Намозалӣ Сатторов ҳукми ҳабси абад таъин карда шавад ва суд дархости ӯро қонеъ намуд.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста шуда буд, 

мавриди ҷустуҷӯ эълон карда буд.

Маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта буд.

Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷовуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт карда, ба мақомоти интизомӣ хабар дода буданд.

Падари маҳбуси фироркарда баъди чанде макони будубоши ӯро муайян карда, дар ин бора ба мақомоти милиса хабар дод. Нимаи моҳи октябр Намозалӣ Сатторов дар шаҳри Душанбе

боздошт гардид.

Он замон дар прокуратураи вилояти Хатлон хизҳор дошта буданд, ки чун падари маҳбуси фироркарда огаҳ мегардад, ки фарзандаш бо кӯдак чӣ амале анҷом додааст, шахсан ваъда додааст, ки дар дарёфти писараш ба мақомот кумак мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.