Марказҳои пешниҳоди сертификат дар бораи донистани забони русӣ, ки дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон амал мекунанд, аз оғози сол ба 572 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон чунин сертификатҳо додаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандоне, ки ба сертификатҳо соҳиб шудаанд, 420 нафарашонро мардон ва 152 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Муҳлати амали сертификатҳои додашуда 5 сол буда, дар қаламрави Русия эътироф карда мешаванд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2015 дар қаламрави Русия муҳоҷирон пас аз супурдани имтиҳонҳо дар марказҳои махсус бояд сертификатҳои донистани забони русӣ ва таърихи Русияро дастрас кунанд.



