Рӯзи 2 декабри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ масоили мубрами дуҷониба дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



