Суғд: Боздошти 46 нафар иштирокчиёни парванда оид ба «ҷиҳод дар Сурия»



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 46 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шуда буд, 46 нафар сокинони вилоят боздошт шуданд, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки санаи 15-уми октябри соли ҷорӣ мақомоти интизомии вилоят 10 нафар сокинони минтақаи шимоли кишвар боздошт шуда буданд, ки нияти иштирок дар даргириҳои Сурияро доштанд. Нуҳ нафари онҳо сокинони ноҳияи Спитамен ва 1 нафар сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент буд.

Мақомоти интизомӣ санаи 26-уми сентябри соли равон 2 сокини вилоятро, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт карданд. Сипас тибқи нишондоди онҳо, боз 8 нафари дигар ҳаммаслаконашон низ дастгир шуданд.

«46 нафар боздоштшудагон аъзои созмони ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистон», сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, Исфара ва Спитамен мебошанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. «Пас аз тафтиш мо парвандаи ҷиноӣ нисбати 11 нафарро ба суд ирсол намуда, тафтишот нисбати 35 нафари боқимонда идома дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное