Боздошти шаҳрванди Қирғизистон дар ВМКБ бо 17 кило ҳашиш



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ин вилоят қариб 17 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон бо гумонбарии даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шаҳрванди 52-солаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шудааст.

«Дар вақти дастгиршавӣ аз борхалтаи варзишии ӯ 16 бастачаҳои чоркунҷашакли прессшуда бо бӯйи махсус дарёфт ва мусодира гардид, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи мусодирагардида навъи ҳашиш буда, вазни он қариб 17 килоро ташкил дод», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, дар вақти гузаронидани тафтишоти пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда маводи нашъаоварро аз ҳудуди вилоят ба шаҳри Оши Қирғизистон ва баъдан ба Русия интиқол доданӣ будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии АНМН бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентии дар ВМКБ ворид карда шудааст ва айни замон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин ҷиноят дастдошта чораҳои зарурӣ меандешад.

spot_imgspot_img

Популярное