Кормандони мақомоти милисаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ У.Ш., як зани 26-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин зан қаблан мо бо моддаи 120 (Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ зиндонӣ шуда, моҳи ноябри соли ҷорӣ мутобиқи қонун мавриди афв қарор гирифт.
Гуфта мешавад, пас аз ба озодӣ баромадан боздоштшуда ба ивази 150-сомонӣ дар манзили зисташ ба шаҳрвандон: С.И. ва К.Д., сокинони ҳамин ноҳия барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам овардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.



