Муаррифии раисони нави шаҳру навоҳӣ дар вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раисони навтаъини шаҳру навоҳии вилоятро ба фаъолон муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Худойназар Амонзода, аз вазифаи раиси шаҳри Қайроққум озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Матлубахон Сатториён аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлол озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъин шуданд. […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раисони навтаъини шаҳру навоҳии вилоятро ба фаъолон муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Худойназар Амонзода, аз вазифаи раиси шаҳри Қайроққум озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Матлубахон Сатториён аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлол озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъин шуданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи тағироти кадрӣ Нӯъмон Обидзода аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом озод карда шуда, ба ҷои ӯ Ғайбулло Боҳиров иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.

Ба ҷои Сӯҳроб Охунзода, собиқ раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадҷобир Ризоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ба ҷои Мирзоаҳмад Аҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азизов – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ шахсони нав ба вазифа таъиншударо табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.