Таъсиси ситоди шабонарӯзии рафъи оқибатҳои барфрезӣ дар Хуҷанд

Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, тамоми сохторҳои дахлдори КВД Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезӣ ва яхбандӣ пурра омода карда шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо ин мақсад ситоди махсус фаъолияти худро барои таъмини бехатарии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар кӯчаҳои маркази […]

ASIA-Plus



Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, тамоми сохторҳои дахлдори КВД Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезӣ ва яхбандӣ пурра омода карда шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо ин мақсад ситоди махсус фаъолияти худро барои таъмини бехатарии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар кӯчаҳои маркази вилоят, ҳамчунин чораҷӯии саривақтӣ нисбати  яхбандии кӯчаҳо оғоз намудааст.

Фаъолияти ин ситод шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати он аз масъулину кормандони соҳаҳои раёсати ободонӣ ва   хоҷагию манзилии шаҳр  мураттаб гаштааст.

Ҳамарӯза барои бартараф намудани яхбандии роҳхо 25 нафар дар се баст навбатдорӣ намуда, 6 адад воситаҳои нақлиёти махсус дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 тонна маводи зидди лағжиш захира карда шудааст,ки ин нисбат ба соли гузашта 200 тонна зиёд аст.


Ҳамчунин барои сари вақт огоҳӣ ёфтан аз вазъу ҳолати кӯчаҳои шаҳр ва таъмини робитаи доимӣ байни сокинони шаҳр бо ситод телефони иртиботии 4 09 39 амал мекунад,ки сокинони доири мушкилоти роҳ дар фасли зимистон тариқи он метавонанд ба ситод маълумот диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.