– Амалисозии қитъаи тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази минтақавии Туркманистон – Чин моҳи апрели соли оянда оғоз гардида, соли 2017 ба итмом мерасад, – изҳор дошт ба вакилони парлумон раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шамсидинзода зимни тасдиқи Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни ҳукумати ҶТ ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd».
Ба қавли вай, аз моҳи январи соли 2010 лӯлаи газ бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ ба фаъолият оғоз мекунад. «Барои амалисозии лоиҳа бо саҳми ҳар кадоме аз ҷонибҳо ба маблағи 300 млн. доллари ИМА ширкати муштараки Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd-и Тоҷикистону Чин таъсис дода шуд. Барои ин ҷониби Тоҷикистон аз Гонконг ба муҳлати 26 сол бо 2,7%-и солона 300 млн. доллари ИМА қарз гирифт», – гуфт ӯ.
«Дар ин лоиҳа Тоҷикистон аз пардохти андозҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғайра манфиат мебардорад. Масалан, даромади ширкати муштарак дар зарфи 32 сол 15 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз маблағи зикршуда Тоҷикистон аз ҳисоби андози ягона (бидуни назардошти андози иҷтимоӣ) 1,2 млрд. $ ва аз ҳисоби фоида аз саҳмияҳо боз 2,5 млрд. $ даромад мегирад», – қайд кард номбурда.
Шамсиддинзода ҳамзамон зикр кард, ки арзиши сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи мазкур ба 3,2 млрд. доллари ИМА баробар аст. «Дар доираи лоиҳа сохтмони 45 нақб бо масофаи умумии 75 километр ва дигар иншооти зербино дар назар аст. Зимни амалисозии лоиҳа беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», – таъкид дошт раиси «Тоҷиктрансгаз».
Анҷоми сохтмони шохаи чорум (D)-и лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Чин соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ба истифода додани ду шохаи аввали лӯла (А ва В), ки аз Туркманистон сарчашма гирифтаву тариқи Ӯзбекистону Қазоқистон мегузарад, ширкати CNPC-и Чин аз соли 2009 аз Осиёи Марказӣ газ мехарад. Шохаи сеюми лӯла (С) низ бо ин хатсайр чанде қабл ба кор дароварда шуд.
Чин ва Туркманистон дар бораи афзоиши интиқоли газ то 65 млрд. метри муккаб дар соли 2020 созишнома ба имзо расониданд, ки барои ин тариқи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон шохаи чорум (D)-и лӯла сохта мешавад. Масофаи шохаи D ҳудуди 1000 километрро ташкил медиҳад, ки 450 километри он аз ғарб ба шарқ аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад.
Арзиши умумии сохтмони лӯлаи мазкури интиқоли газ беш аз 6,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Сохтмони лӯла соли 2007 шурӯъ гардид. Иқтидори лоиҳавии лӯлаи интиқоли газ ба 40 млрд. метри мукааб дар як сол баробар аст. Заминаи захиравии лӯлаи интиқол конҳои гази Иолотан-Усмон ва Давлатобод дар Туркманистон маҳсуб меёбанд.


