Мутобиқи санади “Мусоидат ба сулҳу субот” Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи дарозмуҳлатро оид ба тақвияти имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати бехатарии радиатсионии марзҳои он маблағгузорӣ хоҳад кард. Мақомоти расмии Тоҷикистон шаш нуқтаи марзиро ҳамчун нуқтаи асосӣ (дар шоҳроҳҳо ва роҳи оҳан) муайян кардаанд, ки дар онҳо мониторҳои сайёри радиатсионӣ гузошта мешаванд. Тавассути ин мониторҳо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ва интиқоли тасодуфии онҳо ошкор карда мешавад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар доираи лоиҳа таҳвили озмоишгоҳи сайёри муҷаҳҳаз бо асбобҳои дақиқ барои андозагирӣ ва таҳлили моддаҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст. Озмоишгоҳи мазкур дар сатҳи минтақавӣ ба кор андохта шуда, ба коршиносон дар масъалаи таҳқиқи моддаҳои радиоактивии дарёфтшуда кӯмак хоҳад кард.
Инчунин лоиҳа омӯзиши истифода ва хизматрасонии техникии ин таҷҳизотро ба кормандон пешбинӣ менамояд. Моҳи декабри соли 2013 Комиссияи Аврупо ва Маркази муттаҳидаи таҳдқиқотӣ барои намояндагони Тоҷикистон (20 нафар шахси мансабдори сатҳи олӣ) дар Маркази таълимии Иттиҳоди Аврупо оид ба бехатарии ядроӣ дар шаҳри Испра (Италия) якчанд дарсҳои омӯзишӣ (тренинг) доир намуда буданд.
Мутобиқи лоиҳаи мазкур гирандаи ин таҷҳизот Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истифодабарандагони ниҳоии он – Хадамоти гумрук ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа чор сол пеш дар ҳамоҳангии наздик ва равобити мутақобила бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Агентии байналмилалии энергияи ядроӣ, Вазорати энергетикаи ИМА ва Вазорати корҳои хориҷии ИМА бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон оғоз гардида буд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмуне, ки дар доираи ин лоиҳа эълон гардид, 1 декабр Комиссияи Аврупо ва ширкати ғолиб – таҳвилгар барои таҳвили таҷҳизоти номбурда (бо арзиши 1,5 млн. евро) қарордод ба имзо расониданд. Маросими ифтитоҳи лоиҳа ва вохӯрии нахустин доир ба он 2 декабри соли 2014 дар ш. Душанбе баргузор гардид.
Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ оид ба амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Маркази муттаҳидаи тадқиқотии Иттиҳоди Аврупо, ширкати “Полимастер” ва Вазорати корҳои хориҷии ИМА ширкат варзиданд. Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо нақшаи умумии татбиқи лоиҳаи мазкурро баррасӣ ва мувофиқа намуданд. Насб ва ба кор андохтани таҷҳизот, аз ҷумла дарсҳои омӯзишӣ (тренинг) як сол давом мекунад.







