Машварати кории раиси Хуҷанд дар соҳили Сирдарё

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи варзишӣ ва истироҳатию фароғатӣ,ки дар назди кӯпруки «Ҷашнӣ» мавҷуд аст, ҷаласаи корӣ гузаронд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар кори ин ҷаласа роҳбарони соҳаи ободонӣ, муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ, заминсозӣ, идораи санитарию эпидемологӣ,сохтмонӣ-меъморӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорони дар ин мавзеъ  фаъолият дошта, ширкат намуданд. […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи варзишӣ ва истироҳатию фароғатӣ,ки дар назди кӯпруки «Ҷашнӣ» мавҷуд аст, ҷаласаи корӣ гузаронд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар кори ин ҷаласа роҳбарони соҳаи ободонӣ, муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ, заминсозӣ, идораи санитарию эпидемологӣ,сохтмонӣ-меъморӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорони дар ин мавзеъ  фаъолият дошта, ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, дар мавзеи мазкур чанд ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои варзишӣ ҷойгир шудааст. Ба истиснои варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ ин макон мавсимӣ буда, дар фасли зимистон фаъолияти онҳо қатъ мегардад. Новобаста ба ин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд,ки соҳибкорон ва мутасддиёни соҳаи дахлдор, бояд мавзеи вобасташудаи худро обод нигоҳ доранд.

Сардори идораи заминсозӣ, ободнӣ, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва санитарию эпидемологӣ вазифадор гаштанд,ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бо иштироки сокинони маҳалла,варзишгарон ва идораҳои дахлдор барои истифодаи мақсадноки нуқтаҳои хизматрасонӣ, иншоотҳои варзишӣ ва гулгаштҳо чораҳои фаврӣ андешида, ба мӯхлати 5 рӯз камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.