Таъсиси беш аз 225 ҳазор ҷойи нави корӣ дар соли равон

Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 36 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 34,5%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2014 ба Агентии мазкур беш аз 105 […]

ASIA-Plus



Соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 36 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 34,5%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2014 ба Агентии мазкур беш аз 105 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 67 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 48 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 11 моҳи соли равон беш аз 6,1 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 3,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 668 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми декабри соли 2014 дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ зиёда аз 85 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва ҳудуди 57 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 225 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёдтар аст. Соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 205 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда буд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ду баробар зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи натиҷаҳои гузориши

 Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ)

 таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд. Мутобиқи гузориш, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% поин меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.