Кумаки Чин ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон

Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Раёсати Бонк бо намояндагони Бонки давлатии рушди Чин (БДРЧ) вохӯрӣ анҷом доданд.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти «Амонатбонк», дар ин вохӯрӣ масъалаи созишномаи хати қарзии нав ба маблағи 10 млн. доллари ИМА миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ […]

ASIA-Plus



Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Раёсати Бонк бо намояндагони Бонки давлатии рушди Чин (БДРЧ) вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти «Амонатбонк», дар ин вохӯрӣ масъалаи созишномаи хати қарзии нав ба маблағи 10 млн. доллари ИМА миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, намояндагони Амонатбонк ва БДРЧ шартҳои охирини ин созишномаро баррасӣ намуданд ва созишнома барои имзо ба раҳбарияти Бонк пешниҳод карда шуд. 

Зимнан зикр мегардад, ки миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ ҳамкориҳо мунтазам дар ҳоли густариш қарор дошта, мақсад аз гирифтани ин қарз, ки ба муҳлати 5 сол аз тарафи БДРЧ пешниҳод мегардад, дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар ва рушди соҳаи хоҷагии халқ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.