Ғорати дафтари кории бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара

Шаби 18 ба 19-уми декабр шахсони номаълум ба идораи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки дар Идораи андози шаҳри Исфара қарор дорад, ворид шуда, бархе ҳуҷҷатҳои ин бахши ҳизб ва муҳри онро бо худ бурдаанд. Сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Абдусаттор Бобоев, ҷонишини раиси ҲНИТ дар ноҳияи Исфара дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки “субҳ ҳангоми […]

ASIA-Plus



Шаби 18 ба 19-уми декабр шахсони номаълум ба идораи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки дар Идораи андози шаҳри Исфара қарор дорад, ворид шуда, бархе ҳуҷҷатҳои ин бахши ҳизб ва муҳри онро бо худ бурдаанд.

Сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Абдусаттор Бобоев, ҷонишини раиси ҲНИТ дар ноҳияи Исфара дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки “субҳ ҳангоми ба идора ворид шудан дидам, ки дари ҳуҷраи корӣ шикаста шудаасту ҳуҷҷатҳо ва муҳри ин бахш нест. Мо ба милисаи шаҳр муроҷиат кардем ва мунтазири омадани онҳо ҳастем”.

Гуфта мешавад,ин дар ҳолест, ки тамоми идораҳои давлативу ғайридавлатӣ нигаҳбон дошта ворид шудан ба онҳо кори осон нест.

Зимнан зикр мегардад, ки дар арафаи баргузории интихоботи парлумонӣ чунин амалҳо метавонанд кори дасти касоне бошанд, ки мехоҳанд аз ҳоло натиҷаи интихоботро зери савол баранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.