Вазири корҳои дохилӣ бо раҳбарияти милисаи Хатлон мулоқот кард



Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо сардорони Раёсат, шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот кард.

Рамазон Раҳимзода дар оғози суханронии хеш таъкид кард, ки мақсад аз вохӯрии мазкур ин сӯҳбати ошкоро бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо фаъолият, шароиту имкониятҳои хизмат ва рафъи норасоиву камбудиҳои ҷойдошта мебошад.

Дар ҷаласа қайд гардид дар соли равон 500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соҳиби қитъаҳои замин, зиёда аз 100 нафар соҳиби манзили истиқоматӣ гардида, беш аз 3800 нафар ба истироҳатгоҳҳо равон карда шуданд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон 8 иншооти замонавӣ сохта ба истифода шуда, 12 бинои дигар пурра таъмиру азнавсозӣ гардид ва сохтмони боз 5-иншооти дигар идома дорад.

Бо дастгирии Сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шуда, дар он шароити мусоид аз қабили ҷойи хоб, таълим ва истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Коллеҷи мазкур барои қабули ятимон, бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи оилаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар, инчунин дигар шаҳрвандон оиди тайёр намудани мутахассисони воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, айни замон зиёда аз 100 нафар курсантон дар он таълим мегиранд.

Вазири корҳои дохилӣ аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар муассисаҳои илмию тарбиявӣ, дар байни ҷавонон ва волидони онҳо ҷоннок карда шавад. Рамазон Раҳимзода ҳамзамон аз сар задани ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо вобаста аз суст ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда эрод гирифта, сардори навтаъиншудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, полковники хизмати дохилӣ  Маҳмадов Нозимро дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, риояи Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар нуқтаҳои савдо ба таври ҷиддӣ назорат кунанд.

Зимни сӯҳбати ошкоро сардорони Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, полковники милитсия Абдураҳим Мирзоев, дар ноҳияи Шаҳритус полковники милитсия Валихон Муллоев, дар ноҳияи Қумсангир, полковники милитсия Ҷурахон Зикриёев ва дигарон аз дастгирии роҳбарияти Вазорат оиди беҳдошти шароити хизмат изҳори миннатдорӣ намуда, роҷеъ ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини нақлиёти хизматӣ ҷиҳати кашонидани дастгиршудагон, ҳуҷраҳои хизматии нозирони минтақавӣ ибрози назар намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар хотимаи вохӯрӣ ба ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, омодагӣ ба соли 2015-ро бо дастовардҳову ноил гаштан ба натиҷаҳои хуби хизматӣ таъкид намуд.

spot_imgspot_img

Популярное