Маҷмаи умумии СММ ташаббуси Тоҷикистон дар бахши рушди устуворро дастгирӣ кард

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони  «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул кард. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном […]



Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони  «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкури Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Япония ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.

Тибқи қатъномаи мазкур ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст.

Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.

Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.