Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе доир мегардад

Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари аъзо бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари аъзо бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин созмонро ба уҳда мегирад. Ҳамин тариқ, то охири соли 2015 дар ҳамаи мақомоти ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД беш аз 20 масъала баррасӣ шуд. Масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кумак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки солҳои охир хатари он ба минтақаи масъулияти СААД, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ хеле афзудааст, зоҳир карда шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои аъзои СААД моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Аз ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои СААД-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли созмони мазкур Николай Бордюжа зимни нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ карданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Бо додани баҳои баланд ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон изҳори бовар карда шуд, ки дар ҷараёни як соли раёсати Тоҷикистон ҳам барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ корҳои назаррасу муассир анҷом хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.