Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср дар бахши тандурустӣ



Чанде қабл дар Қоҳира дидори сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо вазири тандурустӣ ва аҳолии ин кишвар Одил Адавӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва бозомӯзии пизишкон дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Миср дар соҳаи тандурустӣ ва саноати дорусозӣ, ки 6 июни 2008 дар Қоҳира ба имзо расида буд, баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ин росто таъкид шудааст, ки дар пойтахти кишвари мо бунёд гардидани нахустин корхонаи муштараки дорусозии “Делтоҷик Фарма” метавонад ба сифати намуна барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Миср дар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ хидмат кунад. 

spot_imgspot_img

Популярное