Аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади кор ба Русия меоянд, дар корхонаву муассисаҳои тобеъ ба шахсони ҳуқуқӣ бо патент кор карда метавонанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар робита ба ин масъала, тағйироту илова дар ин самт танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба қаламрави Русия ворид мешаванд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дахл хоҳад дошт.
«Зимни убури марз муҳоҷири корӣ бояд дар корти муҳоҷират ҳадафи сафар – «кор»-ро зикр карда, дар мудлати 30 рӯз аз замони вуруд дар бораи гирифтани патент ариза пешниҳод намояд, ки дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират ба расмият дароварда мешавад», – таъкид мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират.
Гуфта мешавад, барои дастрас кардани ин ҳуҷҷат муҳоҷирон бояд донистани забони русӣ, огаҳӣ аз таъриху асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтор набудан ба бемориҳои хатарнокро тасдиқ намуда, полиси суғураи ихтиёрии тибббиро пешниҳод созанд ва андоз аз даромадро пардохт кунанд.
Зимнан таъкид мегардад, ки ҳангоми ба кор гирифтани муҳоҷирони дорои патент аз шаҳсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони хусусӣ гирифтани квота талаб намешавад.



