Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки соли оянда 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд намояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калону хурд, аз ҷумла сохтмони корхонаи сементбарории “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршӯйии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нуқрафом” дар шаҳри Истиқлол идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 164 корхонаҳои нави хурду миёна ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои нав асосан дар бахшҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабуку хӯрокворӣ ва саноати кӯҳкорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.


