Бақияи умумии қарз дар бонкҳо беш аз 25% афзуд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 25% афзуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 37 млн. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. $)-ро ташкил додааст, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддат […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 25% афзуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 37 млн. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. $)-ро ташкил додааст, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддат – 5,1 млрд. сомонӣ (54,9%) ва қарзҳои дарозмуддат – 4,2 млрд. сомонӣ (45,1%).

Гуфта мешавад, дар зарфи 11 моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 24,70 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,32 фоизи солона баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан ба андозаи 0,71% ва 0,39% коҳиш ёфтааст.

«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,4 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 1,03 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 фоиз зиёд мебошад», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.