Дар арафаи соли нави мелодӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс» туҳфа кард.
Бино ба гуфти муовини сардори ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа Зариф Умаров, автомашина бо тамоми воситаҳои зарурии техникӣ таҷҳизонида шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Амирулло Асадулло ба хотири дастгирии хизматчиёни қисми низомии №3503 ВКД ҶТ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа адои хизмат мекунанд, дастархони идона ташкил намуда, ба қисми низомӣ бо маводи ғизойӣ кумак кардааст.



