– Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пешгирии иштироки ҷавонони тоҷик дар даргирҳои Сурия аз имомхатибон ва олимон истифода мекунад», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода.
«Имомхатибон ва олимон дар маъвизаҳои худ дар бораи оқибатҳои ҷангу хунрезӣ, терроризм ва ифротгароӣ маълумот медиҳанд», – саҳеҳтар иброз дошт ӯ ин гуфтаҳояшро.
Бино ба гуфти раиси Кумита, ӯ аз ҷалбу иштироки ҳарчи бештари ҷавонони тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои исломӣ нигарон аст. «Сабабҳои аслии ҳузури ҷавонони тоҷик дар низоъи Сурия дониши нокофӣ ва ҳамчунин шароитҳои номусоиди зиндагӣ аст. Ҷавони ба таври кофӣ бархӯрдор аз дониши динӣ ҳеҷ гоҳ дар ин муқовимат иштирок намекунад. Касоне, ки ҷавононро ба ҷанги Сурия ҷалб мекунанд, қабл аз ҳама аз камогоҳии онҳо аз Ислом истифода мебаранд», – қайд кард Холиқзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ин самт Кумита бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ дорад, то ки ҷавононро аз донишгоҳҳои хориҷӣ ба ватан баргардонад. «Ҳамин тариқ, бо супориши президент аз соли 2010 то ба имрӯз ба ҳукумати ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки аз 3054 нафар донишҷӯёни тоҷики дар кишварҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои динӣ таҳсилдошта 2896 нафарашонро ба ватан баргардонад», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар макотиби олии исломии кишварҳои хориҷӣ ҳамагӣ 158 нафар донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд. «Донишҷӯёне, ки ба ватан баргардонида шуданд, дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Либия, Миср ва Покистон таҳсили илм мекарданд», – афзуд раиси Кумита.



