Дар вилояти Хатлон нишастҳои матбуотии ҷамъбасти сол оғоз мегарданд.
Бино ба иттиллои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, нишастҳои матбуотии навбатӣ дар вилоят аз 7-уми январ шурӯъ хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз 7 то 20-уми январ роҳбарони беш аз 56 ташкилоту идораҳои вилоят сарфи назар аз шакли моликият назди хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналминалӣ ҳисобот хоҳанд дод. «Баъдан аз 21 то то 29-уми январ роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят нишастҳои хабарӣ баргузор мекунанд», – афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки аввалин нишасти матбуотии ҷамъбасти сол 7-уми январ соати 9-и субҳ дар Раёсати иттифоқҳои касаби вилояти Хатлон доир мегардад.



