Иштироки вазири корҳои дохилӣ дар маросими ифтитоҳи бинои ШВКД дар Қайроққум

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қайроққум баъд аз таъмири ҷорӣ ширкат варзид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои ШВКД дар шаҳри Қайроққум сеошёна буда, баъди таҷдиду азнавсозӣ бо ҳаммоми замонавӣ, ошхона […]

ASIA-Plus



Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қайроққум баъд аз таъмири ҷорӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои ШВКД дар шаҳри Қайроққум сеошёна буда, баъди таҷдиду азнавсозӣ бо ҳаммоми замонавӣ, ошхона ва дигар нуқтаҳои моддӣ-маишӣ барои кормандон ва тамоми таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз шӯъбаи таҷдидгардида аз сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки дар ҷавоб ба чунин дастгирию ғамхориҳо ҳайати шахсиро мебояд, ки фаъолияти хизматиро боз ҳам ҷоннок намуда, муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ пурзӯр намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки бинои ШВКД дар шаҳри Қайроққум дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода азнавсозӣ ва таҷдид гардида, ба истифода дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.