Муҳоҷирони кории тоҷик, ки хоҳиши дар шаҳри Маскав кор кардан доранд, акнун барои дастрас намудани патент бояд дар як моҳ 4 ҳазор рубли русӣ пардохт намоянд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, яке аз тағйироти асосие, ки дар қонунгузории муҳоҷирати Русия сурат гирифт, бекор шудани иҷозатномаи кор дар ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид бо Русияро метавон ном бурд.
«Акнун муҳоҷирони корие, ки аксаран аз кишварҳои пасошӯравӣ меоянд, барои кор дар ширкатҳо бояд патент дастрас намоянд, ки бо он қаблан танҳо барои кор дар ихтиёри шахсони воқеъӣ (шаҳрвандони Русия) иҷозат медоданд», – омадааст дар хабари сафоратхона.
Дар маълумоти сафоратхона таъкид мешавад, ки бо як патент метавон ҳам дар ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеъӣ кор кард. «Қаламрави амали ин санад бо минтақае, ки дар он патент дастрас мегардад, маҳдуд мешавад ва нархи он (андоз аз даромади шахсони воқеъӣ)-ро минтақаҳо ба мустақилона муайян кардан ҳуқуқ доранд. Масалан, нархи он дар Маскав дар соли 2015 – 4 ҳазор ва шаҳри Санкт-Петербург – 3 ҳазор рубл муқаррар шудааст», – гуфта мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки қаблан барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони гирифтани иҷозати кор якбора барои се сол ҷорӣ шуда буд, ки ин муҳлат барои шаҳрвандони дигар кишварҳои хориҷӣ як солро ташкил медод. «Бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни нав дар бораи патентҳо, ин имтиёз ҳам бекор мешавад», – таъкид мекунанд дар сафоратхона.



