Украина ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар Турсунзода 14 млн. $ маблағгузорӣ мекунад

– Иттиҳодияи истеҳсолии «Укрнефтьмаш»-и Украина ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Турсунзода 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад, – хабар дод дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода. Зимни шарҳи масъалаи марбут ба тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «ККН-Регар» оид ба сохтмони корхонаи зикршуда ӯ […]

Аваз Юлдошев



– Иттиҳодияи истеҳсолии «Укрнефтьмаш»-и Украина ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Турсунзода 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад, – хабар дод дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода.

Зимни шарҳи масъалаи марбут ба тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «ККН-Регар» оид ба сохтмони корхонаи зикршуда ӯ қайд кард, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ин лоиҳа 7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввал корхона дар як сол 150 ҳазор тонна ва ба истифода додани навбати дуюм дар як сол 300 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, дар он беш аз 220 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи директори ҶДММ «ККН-Регар» Юсуф Зувайдов, корхона муддати ду соли наздик бунёд гардида, бо технологияҳои муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. «Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона мо ҳамасола ба буҷети кишвар 73 млн. сомонӣ маблағ ворид мекунем», – гуфт ӯ.

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишномаи мазкурро  бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.