Роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуд

Дар конфронси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони ҷумҳурӣ Ҷамшед Муртазоқулов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии ин шаҳр номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд. Бино ба иттилои як манбаъ аз ҲХДТ, Ҷ.Муртазоқулов соли 2000 барои дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Мақоми шаҳрвандӣ-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи қонунгузории […]

Аваз Юлдошев



Дар конфронси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони ҷумҳурӣ Ҷамшед Муртазоқулов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии ин шаҳр номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ҲХДТ, Ҷ.Муртазоқулов соли 2000 барои дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Мақоми шаҳрвандӣ-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи қонунгузории Тоҷикистон» диссертатсия ҳимоя намуда, соли 2012 дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия дар мавзӯи «Мушкилоти шаҳрвандӣ-ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Тоҷикистон» кори илмии докториашро ҳимоя кардааст.

Айни замон ӯ профессори кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон, узви Шӯрои илмӣ-машваратии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (соли 2004) мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.