Дар парлумон тасдиқи созишномаҳои қарзӣ бо Чин баррасӣ мешаванд



Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум масъалҳои марбут ба тасдиқи як қатор созишномаҳои қарзии бамизорасида миёни Тоҷикистону Чин баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакилон Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсолии креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» байни ҳукумати ҶТ ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чинро баррасӣ мекунанд.

Зикр гардид, ки имрӯз ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тасдиқи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» ва Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин оид ба «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

spot_imgspot_img

Популярное