Соли 2014 суръати афзоиши ММД Тоҷикистон 0,7% коҳиш ёфт

Суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намудааст. «Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намудааст.

«Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», – омадааст дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба таносуби нархҳо аз нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Соли 2012 афзоиши ММД Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода буд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳукумат ҳаҷми ММД-ро  ҳудуди 48 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,6% ба нақша гирифта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.