Сармеъмори Душанбе: Зоопарк ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида намешавад

Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев маълумоти як қатор васоити ахбори умум дар бораи ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида шудани Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и пойтахтро рад кард. Ба гуфтаи номбурда, рӯзноманигорон гуфтаҳои ӯ дар ин мавридро каме нодуруст ба қалам додаанд. «Зимни конфронси матбуотӣ доир ба ин масъала ман изҳор намудам, ки барои сохтмони Боғи нави ҳайвонот […]

ASIA-Plus



Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев маълумоти як қатор васоити ахбори умум дар бораи ба қаламрави Боғи Ғалаба

кӯчонида шудани Боғи ҳайвонот

(зоопарк)-и пойтахтро рад кард.

Ба гуфтаи номбурда, рӯзноманигорон гуфтаҳои ӯ дар ин мавридро каме нодуруст ба қалам додаанд. «Зимни конфронси матбуотӣ доир ба ин масъала ман изҳор намудам, ки барои сохтмони Боғи нави ҳайвонот дар қаламрави хоҷагии ҷангали Қамчин, воқеъ дар самти шимолу шарқии Боғи Ғалаба мутобиқи нақшаи генералии пойтахт ҷудо кардани 25 гектар қитъаи замин пешбинӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Сармеъмори шаҳр ҳамчунин зикр кард, ки айни замон лоиҳаи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Боғи ҳайвоноти нав мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.