Ирсоли парвандаи нави Зайд Саидов ба Суди олӣ

Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши парвнадаи нав нисбати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро ба итмом расонида, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ рӯзи 16-уми январ онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҶТ ирсол намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, дар ин парванда Зайд Саидов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои […]

ASIA-Plus



Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши парвнадаи нав нисбати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро ба итмом расонида, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ рӯзи 16-уми январ онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҶТ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, дар ин парванда Зайд Саидов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.

«Аз рӯи айбҳои эълонкардашуда зарари молиявии ба буҷаи давлат расонидашуда, 52 млн. 254 ҳазор сомониро ташкил дода, дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк, бо қарори суд ба молу мулки айбдоршаванда Саидов З.Ш. ба маблағи умумии зиёда аз 30 млн. сомонӣ сомонӣ ҳабс гузошта шудааст», – гуфта мешавад дар маълумоти Агентии зиддифасод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.