Сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи маркази тестӣ дохилшуда нисбатан баланд аст.
Муҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа зимни нишасти матбуотии рӯзи 20-уми январ дар ин робита иброз дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёне, ки имсол тариқи Маркази тестии назди Президенти кишвар дохил шудаанд нисбатан хуб аст ва онҳоро қонеъ мекунад.
«Дар санҷишҳои нимсола донишҷӯёни курси аввал ба пуррагӣ санҷишу имтиҳонҳояшонро супориданд ва ягон нафари онҳо қарздор нашуданд. Ин нимсола мо ягон нафар донишҷӯи курси аввалро барои саривақт насупоридани санҷишу имтиҳон аз донишгоҳ хориҷ накардем. Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи дониши ин донишҷӯён хуб аст»,- илова кард ректори донишгоҳ.



