Бақияи пасандозҳои бонкӣ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуд

Дар соли 2014 бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 19,2 фоиз афзуда, 6,7 млрд. сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 34,3 ва 65,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар соли 2014 бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 19,2 фоиз афзуда, 6,7 млрд. сомониро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 34,3 ва 65,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ 33,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст

Гуфта мешавад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба соли гузашта мутаносибан 14,6 фоиз ва 27,9 фоиз афзуда, ҳиссаи онҳо дар бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 63,0 ва 37,0 фоизро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ба ахири соли 2014 дар Тоҷикистон  138 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 120 адад ташкилоти қарзии хурд, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 344 адад филиалҳои бонкҳо фаъолият доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.