Ҳабси муфаттишони милиса барои порагирӣ



Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ нисбати муфаттишони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммад Назриев ва РВКД шаҳри Душанбе Дилшод Пирмадов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ин муфаттишони ҳабсшуда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани нафаре бо номи Рустам Тағойназаров ба сифати пора 7 ҳазору 200 доллари ИМА маблағ гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, айбдоршавандагон барои сабук кардани ҷазои ҷиноятӣ аз шаҳрванд Х.Саидов низ дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари ИМА пора ситонидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное