Идомаи амалисозии лоиҳаҳо ба маблағи 483 млн. $ дар соҳаи нақлиёт

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 483 млн. доллари ИМА идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ахири соли равон ба итмом расидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон, Кӯлоб – Қалъаи Хумб, азнавсозии […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 483 млн. доллари ИМА идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ахири соли равон ба итмом расидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон, Кӯлоб – Қалъаи Хумб, азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – марзи Ӯзбекистон (аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то сарҳади Ӯзбекистон) ва корҳои таҳияи лоиҳаи арзёбии фанниву иқтисодии корҳои таъмир ва таҷдиди роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Тавилдара дар назар аст.

Вазири нақлиёт қайд кард, ки соли гузашта корҳои таъмиру азнавсозӣ дар 5 иншоот, аз ҷумла сохтмони роҳи Шоҳон – Зигар (марҳилаи 3-юм), азнавсозии роҳи Данғара – Кангурт, роҳ ба самти нақби «Озодӣ» (Шар-Шар), сохтмони терминал дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамчунин амалисозии лоиҳаи дастрас намудани техника ва механизмҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо ба охир расид, ки маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда 115,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаанд.

«Татбиқи ин лоиҳаҳо иловатан ба таъмиру таҷдиди 47,9 километр роҳҳои автомобилгард бо 5 пул (купрӯк), сохтмони терминали муосири хизматгузорӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва гузаштан ба зербинои навтарини хизматгузории расмиёти марзӣ имкони мусоид фароҳам овард», – иброз дошт Асозода.

Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа оид ба дастрас намудани техника ва механизмҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо сохтмони ду корхонаи асфалтбарорӣ ба анҷом расонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.