«Барқи тоҷик» лимитро барвақттар бекор карданист

– Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар Тоҷикистонро ният дорем, ки имсол аз вақти маъмулӣ пештар бекор кунем, – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо. Ба гуфтаи ӯ, ба ин амал шароитҳои мушаххас, аз қабили нисбатан баланд будани сатҳи об дар обанбори Норак ва мутаносибан захираҳои кофии об ва […]

Пайрав Чоршанбиев



– Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар Тоҷикистонро ният дорем, ки имсол аз вақти маъмулӣ пештар бекор кунем, – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин амал шароитҳои мушаххас, аз қабили нисбатан баланд будани сатҳи об дар обанбори Норак ва мутаносибан захираҳои кофии об ва ҳамчунин маҷрои қаноатбахши дарёи Вахш мусоидат карда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба истеъмолгарони дохилӣ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи апрел бекор гардида буд.

Раҳматзода қайд кард, ки айни замон сатҳи об дар обанбори Норак 889,97 метрро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 4,27 метр зиёдтар аст. «Маҷрои об дар дарёи Вахш қариб ба 200 метри мукааб дар як сония баробар аст», – гуфт ӯ.

Раиси ширкат итминон дод, ки имсол барои аз вақти маъмулӣ барвақттар бекор кардани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ захираву имконот мавҷуданд.

Ба қавли ӯ, айни замон шаҳрҳои бузурги кишвар ва марказҳои ноҳияҳо шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Ба истифодабарандагони боқимонда ҳадди ақал 11-12 соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Имрӯз ҳамаи минтақаҳо шабонарӯзӣ на камтар аз 11 соат бо барқ таъминанд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти торнамои

barknest.tj

, ба баъзе минтақаҳои кишвар имрӯз барқ ба муддати ҳамагӣ 6 соат дар як шабонарӯз дода мешавад. Зикр мегардад, ки айни замон аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 8-10 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.