Салафиён ҳатто ба шомил гардидан ба сафҳои ҲКТ талош меварзанд

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов рӯзи 27 январ бо котиби дуюми сафоратхонаи ИМА дар ҶТ Брендон Шервуд мулоқот кард. Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда, мавқеи ҲКТ нисбат ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар табодули назар сурат […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов рӯзи 27 январ бо котиби дуюми сафоратхонаи ИМА дар ҶТ Брендон Шервуд мулоқот кард.

Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда, мавқеи ҲКТ нисбат ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар табодули назар сурат гирифта, ӯ ба ҳамсуҳбаташ дар бораи барномаи пешазинтихоботӣ, шумори ҷонибдорони ҳизб ва фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии аз ҷониби ҳизб ташкилшуда маълумот додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ба вазъ дар минтақа, мушкилоти ифротгароиву терроризм низ таваҷҷуҳ зоҳир шудаааст. «Ман ба ҳамсуҳбатам изҳор намудам, ки дар минтақа созмонҳои ифротгарое амал мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита ба сиёсат ворид шуданианд. Масалан, ман ба дипломати амрикоӣ дар бораи далелҳои аллакай сабтшудаи кӯшиши салафиён ҷиҳати шомил гардидан ба сафҳои ҲКТ маълумот долдам», – гуфт ӯ.

Шабдолов таъкид намуд, ки имрӯз дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низ кӯшишҳои нерӯҳои ифротгарову баъзан террористии фаъолияташон мамнӯъ ҷиҳати шомил гардидан ба сафҳои аҳзоби сиёсии расман сабтшуда ба мушоҳида мерасад. «Дар чунин шароит аҳзоби сиёсии кишвар зимни қабули аъзои нав ба сафҳояшон бояд эҳтиёткорона рафтор намоянду ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд», – афзуд пешвои коммунистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер