Шумории аҳолии ноҳияи Восеъ аз 200 ҳазор нафар зиёд шуд

Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, соли гузашта шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 37 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1 январи соли 2015 ба 1 млн. 153 ҳазору 641 нафар расид. Роҳбари Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб Саидасвар Аламов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин маълумот бар асоси […]

Турко Дикаев



Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, соли гузашта шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 37 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1 январи соли 2015 ба 1 млн. 153 ҳазору 641 нафар расид.

Роҳбари Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб Саидасвар Аламов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин маълумот бар асоси муроҷиати аҳолӣ барои кумаки тиббӣ, муоинаҳои табибон дар хонаводаҳо ва сабти таваллуду маргу мир дар ҷамоатҳо омода мегардад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳар як нафари сеюми аҳолии минтақа кӯдаки то 14-сола (400 ҳазору 785 нафар) буда, агар боз 118 ҳазору 83 нафари аҳолии аз 15 то 19-сола ба инобат гирифта шавад, беш аз 50%-и аҳолӣ – кӯдакон ва наврасону ҷавонони то 20-сола мебошанд. «Шумори аҳолии калонсолтар аз 65-солаи минтақа 49 ҳазору 837 нафарро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бори нахуст шумори аҳолии ноҳияи Восеъ аз 200 ҳазор нафар зиёд шуда, айни замон ба 203 ҳазору 936 нафар расидааст. «Миёни ноҳияҳои аҳолиашон сершумори минтақа шумори аҳолии ноҳияи Фархор – 154 ҳазору 989 нафар, Ҳамадонӣ – 138 ҳазору 423 нафар ва шаҳри Кӯлоб – тақрибан 129 ҳазору 581 нафарро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.