Кормандони милиса кӯчаҳои пойтахтро бо велосипедҳо назорату посбонӣ мекунанд

Намояндагони ширкати амрикоии «Emergency group» дар Тоҷикистон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 120 адад велосипедҳои махсус тақдим намуданд. Тавре як манбаъ аз Раёсати ВКД-и пойтахт иттилоъ дод, велосипедҳо бо навиштаҷоти «политсия» ва аломатҳои ранга муҷаҳҳаз буда, бо фарорасии фасли баҳор мавриди истифода қарор дода мешаванд. «Кормандони хадамоти посбонӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро бо онҳо назорату […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони ширкати амрикоии «Emergency group» дар Тоҷикистон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 120 адад велосипедҳои махсус тақдим намуданд.

Тавре як манбаъ аз Раёсати ВКД-и пойтахт иттилоъ дод, велосипедҳо бо навиштаҷоти «политсия» ва аломатҳои ранга муҷаҳҳаз буда, бо фарорасии фасли баҳор мавриди истифода қарор дода мешаванд. «Кормандони хадамоти посбонӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро бо онҳо назорату посбонӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин велосипедҳоро ба ҷуз фасли зимистон, дар дигар мавсими сол метавон истифода кард. Дар бораи арзиши «туҳфа» ба кормандони милисаи пойтахт маълумот дода нашуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.