Намояндагони ширкати амрикоии «Emergency group» дар Тоҷикистон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 120 адад велосипедҳои махсус тақдим намуданд.
Тавре як манбаъ аз Раёсати ВКД-и пойтахт иттилоъ дод, велосипедҳо бо навиштаҷоти «политсия» ва аломатҳои ранга муҷаҳҳаз буда, бо фарорасии фасли баҳор мавриди истифода қарор дода мешаванд. «Кормандони хадамоти посбонӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро бо онҳо назорату посбонӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ин велосипедҳоро ба ҷуз фасли зимистон, дар дигар мавсими сол метавон истифода кард. Дар бораи арзиши «туҳфа» ба кормандони милисаи пойтахт маълумот дода нашуд.





