Мухолифони ӯзбек дар бораи беҳушии Ислом Каримов хабар медиҳанд

Мухолифони ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки президенти амалкунандаи кишвар Ислом Каримов дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад. Бино ба иттилои фаъолони Ӯзбекистон халқ ҳаракати (Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон) бо истинод ба сарчашмаҳои худӣ дар ҳукумати ин кишвар, рӯзи чоршанбе, 28-уми январ вазъи солимии сарвари давлати Ӯзбекистон баякборагӣ хеле бад шудааст. «Тахминан соатҳои 20-30 дақиқа, ҳангоми хӯроки […]

ASIA-Plus



Мухолифони ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки президенти амалкунандаи кишвар Ислом Каримов дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.

Бино


ба иттилои


фаъолони Ӯзбекистон халқ ҳаракати (Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон) бо истинод ба сарчашмаҳои худӣ дар ҳукумати ин кишвар, рӯзи чоршанбе, 28-уми январ вазъи солимии сарвари давлати Ӯзбекистон баякборагӣ хеле бад шудааст.

«Тахминан соатҳои 20-30 дақиқа, ҳангоми хӯроки шомгоҳӣ дар қароргоҳи «Кӯксарой» президент Ислом Каримов беҳуш шуда, ҳайати кормандони тиббии қароргоҳ таъҷилан ба ӯ ёрӣ расонидаанд. Ғайр аз ин дигар мутахассисон ҳам ба Дурман даъват шуда, аммо то ҳол ба онҳо муясссар нашудааст, ки президентро ба ҳуш оранд. Ислом Каримов рӯзи 29 январ низ дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор доштааст», – хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Ӯзбекистон халқ ҳаракати.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи панҷшанбе раиси Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов, нахуствазири кишвар Шавкат Мирзиёев ва дигар аъзои ҳукумати наздик ба оилаи Каримов ба қароргоҳ омада, вале ҳанӯз аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои онҳо маълумот дастрас нест.

Зимнан зикр мегардад, ки тайи ду соли ахир ин маротибаи дуюм аст, ки президенти Ӯзбекистон беҳуш шуда, муваққатан ба кор намебарояд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 30 январ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов


ба синни 77-солагӣ


қадам ниҳод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.